Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WSJ: Русия ба варшикастагии давлатӣ наздик мешавад


Эҳтимоли варшикастагии давлатии Русия пас аз он ки танзимгарони бозори вомбаргҳои Амрико рӯзи 20-уми апрел гуфтанд, Кремл уҳдадориҳои худро оид ба хидматрасонии қарзи давлатии Русия иҷро накардааст, бештар шуд.

Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal хабар дод.

Пешниҳоди пардохт бо рубл рӯзи 6-уми апрел баъди он сурат гирифт, ки бонки амрикоии "JPMorgan" аз интиқоли 649 миллион доллари ҳабсшуда дар натиҷаи таҳрими Бонки марказии Русия худдорӣ кард.

Русия агар ин пулро то 4-уми май, яъне то анҷоми давраи боимтиёз пардохт накунад, расман дар ҳолати варшикастагӣ қарор хоҳад гирифт. Қарзҳое, ки Маскав аз адои он худдорӣ мекунад, 6 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Вазорати молияи Русия дар навбати худ гуфтааст, Маскав бо пешниҳоди пардохти фоизи қарзҳои долларӣ бо рубл масъулияти худро дар назди қарздорон иҷро кардааст.

XS
SM
MD
LG