Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарти нави Маскав ба сарбозони украинӣ дар Мариупол


"Азовстал", Мариупол
"Азовстал", Мариупол

Вазорати дифои Русия аз мақомоти Украина талаб кардааст, ки ба сарбозони муҳосирашуда дар Мариупол дастури таслим шуданро диҳанд.

Ба қавли мақомоти Русия, сарбозон бояд аз соати 2-и нисфирӯзии 20-уми апрел муқовиматро бас кунанд. Фармондеҳони украинӣ дар корхонаи "Азовстал" гуфтаанд, силоҳро ба замин нахоҳанд гузошт.

Ишғоли Мариупол имкон медиҳад, ки минтақаҳои зери назорати ҷудоихоҳони рӯ ба Маскав бо роҳи заминӣ бо нимҷазираи Қрим бипайванданд.

Русия дар соли 2014 Қрими Украинаро ишғол намудааст.

Кишварҳои ғарбӣ ваъда додаанд, ки барои муқовимат алайҳи нерӯҳои таҷовузгар ба Украина силоҳи вазнин фиристода, ба зидди Маскав таҳримҳои нав ҷорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG