Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 7 нафар дар ҳамлаи Русия ба шаҳри Лвови Украина


Шаҳри Лвов. 18-уми апрели 2022
Шаҳри Лвов. 18-уми апрели 2022

Бар асари ҳамлаи мушакии нерӯҳои Русия ба шаҳри Лвов, воқеъ дар ғарби Украина, дастикам 7 нафар ҷон бохта, 11 каси дигар захмӣ шудаанд.

Тибқи гузоришҳо, рӯзи 18-уми апрел чанд таркиш шаҳрҳои Киев ва Днепропетровскро низ ларзонд. Пойгоҳи хабарии Suspilne аз захмӣ шудани ду нафар дар ҳамла ба шаҳри Дпепропетровск хабар дод.

Вазорати дифои Русия гуфт, нерӯҳои он шабона беш аз 100 нуқтаро, ки таҷҳизоти низомӣ ва нерӯҳои украинӣ қарор доштанд, нишон гирифт.

Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, дар ин ҳамлаҳо ҳашт танк ва мошинҳои дигари низомӣ аз байн бурда шуда, се ҳавопаймои ҷангӣ суқут дода шуд. Ин иддаои Русия аз сӯи манобеи мустақил тасдиқ нашудааст.

Коршиносони низомӣ мегӯянд, Русия ба мақсади коҳиши тавонмандиҳои муқовимати Украина дар ҷанги майдонӣ, корхонаҳои аслиҳа, роҳҳои оҳан ва дигар зербиноҳоро дар саросари Украина ҳадаф қарор дода, ҳамлаҳои худро афзоиш додааст.

XS
SM
MD
LG