Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъшавии садҳо мошини боркаш дар марзи Қирғизистону Қазоқистон


Дар гузаргоҳои марзии "Ак-Тилек – автодорожний"-и Қирғизистон бо Қазоқистон ҳудуди 300 мошини боркаш ҷамъ шудааст.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон 18-уми апрел хабар дод, ки ин мошинҳои боркаш барои гузаштан аз марз навбат мепоянд. Дар гузаргоҳи марзии дигари ду кишвар низ - "Чалдибар – автодорожний" беш аз 70 мошини боркаш қарор дорад.

Ба огаҳии хадамот, ҷамъшавии мошинҳо ба далели раванди сусти санҷиш аз ҷониби Қазоқистон ба миён омадааст. "Бар замми ин, ҷониби Қазоқистон баъзан ба таври якҷониба вуруди мошинҳои боркашро ба ҳудуди худ манъ мекунад", - афзудааст хадамот.

Навбатпоии мошинҳои боркаш дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон зиёд мушоҳида мешавад. Дар ҳоле, ки ин ду кишвар узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд. Яке аз афзалиятҳои узвият дар иттиҳоди мазкур гардиши озодонаи молу маҳсулот дар дохили кишвраҳои узв аст.

XS
SM
MD
LG