Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғафур-бойбача дар Федератсияи бокси Узбекистон мансаб гирифт


Ғафур Раҳимов, машҳур бо лақаби Ғафур-бойбача
Ғафур Раҳимов, машҳур бо лақаби Ғафур-бойбача

Соҳибкори узбекистонӣ Ғафур Раҳимов, машҳур бо лақаби Ғафур-бойбача, рӯзи 16-уми апрели имсол ноиб-аввали президенти Федератсияи бокси Узбекистон интихоб шуд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд.

Президенти федератсияи бокси касбии Узбекистон Умед Яъқубов интихоб шудааст.

Додситонии кулли Узбекистон моҳи июли соли 2018 номи Ғафур Раҳимовро аз рӯйхати шахсони таҳти ҷустуҷӯ берун кард ва ӯ моҳи ноябри ҳамон сол роҳбари Эътилофи бокси ҷаҳонӣ шуд.

То замони интихоб шуданаш ба роҳбарии Эътилофи бокси ҷаҳонӣ, мақомоти Амрико Ғафур Раҳимовро таҳрим карданд.

Кумитаи байнулмилалии олимпӣ моҳи марти соли 2019 Раҳимовро огоҳ кард, ки номзадии вай дар ин мақом, мумкин аст, боиси зарар ба мақоми бокс дар бозиҳои олимпӣ шавад. Ғафур Раҳимов он замон гуфта буд, айбҳои эъломшуда "сохтакорӣ ва дорои ангезаи сиёсӣ ҳастанд".

Ғафур Раҳимов то кунун дар рӯйхати таҳримҳои Амрико мондааст.

XS
SM
MD
LG