Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек: созиш оид ба убури боркашҳо аз марзи Қазоқистон "ба таври комил" иҷро намешавад


Марзи Қазоқистон ва Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.
Марзи Қазоқистон ва Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ.

Ноиби аввали раиси девони вазирони Қирғизистон Орзубек Кожошев бо муовини сарвазири Қазоқистон Бахит Султонов масъалаи убуру мурури мошинҳои боркашро аз марзи Қирғизистону Қазоқистон ва Русия баррасӣ кард. Ин мулоқот рӯзи 15 апрел сурат гирифтааст.

Ҷониби Қирғизистон дар ин мулоқот гуфтааст, ки созиш бо ҷониби Қазоқистон дар мавриди убуру мурури мошинҳои боркаш аз марзи ду кишвар на таври комил иҷро мешавад. "Мо ба созиш расидем, ки агар ҳуҷҷатгузорӣ дуруст набошад ва ё мошинҳо комилан ҳуҷҷат надошта бошанд, ҷониби Қазоқистон чунин мошинҳоро пас мегардонад. Дар воқеъ навбатпойии мошинҳо ҳамарӯза меафзояд", - гуфт муовини аввали раиси девони вазирони Қирғизистон. Вай илова кард, ки "агар созиш аз ҷониби яке аз кишварҳо иҷро намешавад, пас ба муносибатҳои дуҷонибаи мо зарар мерасонад".

Дар мулоқоти рӯзи 15 апрел ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки рӯзи 19 апрел масъулони ду кишвар барои "ҳалли масъалаи навбатпойии мошинҳои боркаш дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон" мулоқот мекунанд.

Навбатпоии мошинҳои боркаш дар марзи Қирғизистон бо Қазоқистон зиёд мушоҳида мешавад. Дар ҳоле, ки ин ду кишвар узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳастанд. Яке аз афзалиятҳои узвият дар иттиҳоди мазкур гардиши озодонаи молу маҳсулот дар дохили кишвраҳои узв аст.

XS
SM
MD
LG