Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфт, як киштии хориҷиро дар Халиҷи Форс дастгир кардааст


Эрон яке аз арзонтарин бензин дар ҷаҳонро дорад.
Эрон яке аз арзонтарин бензин дар ҷаҳонро дорад.

Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон рӯзи 15-уми апрел гуфт, як киштии хориҷиеро дар Халиҷи Форс боздоштааст, ки бо маводи сӯхти қочоқӣ пур буд.

Дар ин бора хабаргузории давлатии ИРНА хабар додааст. Хабаргузорӣ аз қавли сухангӯи сипоҳ навиштааст, ки ҳафт маллоҳи киштиро дастгир кардаанд.

Маълум нест, киштиро кай дастгир кардаанд ва он ба кадом кишвар тааллуқ дораду маллоҳонаш шаҳрвандони куҷоянд. Эрон, ки ба сабаби ёронаҳои давлатӣ ва таварруми зиёд, аз арзонтарин маводи сӯхт дар ҷаҳонро дорад, бо қочоқи пайвастаи бензину нафт мубориза мебарад.

XS
SM
MD
LG