Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳои ҳавоии Покистон 40 нафар дар Афғонистон ҷон додаанд


Теъдоди дақиқи қурбониён маълум нест.
Теъдоди дақиқи қурбониён маълум нест.

Шоҳидони айнӣ мегӯянд, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии неруҳои Покистон ба шарқи Афғонистон даҳҳо нафар аз ҷумла занону кӯдакон кушта шудаанд.

Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ аз қавли қабиласолорон гузориш дод, ки бомборон шаби 16-уми апрел дар манотиқи марзии вилояти Хӯст сурат гирифтааст. Хабаргузории Олмон бо такя ба гуфтаҳои як мақоми Толибон дар он маҳал навиштааст, камаш 40 нафар дар ин ҳамлаҳо ҷон додаанд.

Расулҷон Машъал, яке аз қабиласолорони онҷо ба Радиои Машъал гуфтааст, ки ҳангоми ифтор буд, ки бомбҳо ба хонаи ӯ ва ду ҳавлии дигар афтоданд. Ба қавли Расулҷон Машъал, ҳамаи қурбониён мардуми осоишта буданд. Мақомоти Покистон ҳануз дар мавриди ин ҳамлаҳои ҳавоӣ шарҳе надодаанд.

XS
SM
MD
LG