Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдори тоҷикро барои беэътиноӣ ба Қонуни забон ҷарима бастанд


Додгоҳи шаҳри Бохтар раҳбари як идораи ҳукумати вилояти Хатлонро барои риоят накардани “Қонун дар бораи забони давлатӣ” ва истифодаи забони ғайр дар коргузорӣ ҷарима бастааст.

Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри як баёнияи расмӣ рӯзи 15-уми апрел хабар дод, ки Шодӣ Мусозода, сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, бар хилофи қонуни мазкур зимни коргузорӣ, “муҳр ва тамғаҳои ба забони ғайридавлатӣ навишташудаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлонро то ин ҷониб истифода кардааст.”

Дигар “гуноҳ”-и Шодӣ Мусозода ин будааст, ки номи “раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлонро ба забони ғайридавлатӣ навишта, дар даромадгоҳи бино овезон намудааст.” Бар асоси Қонун дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд матни муҳру тамғаҳои идораҳои хусусиву давлативу ғайриҳукуматӣ ба забони давлатӣ бошад ва номи ташкилоту муассисаҳо бо забони тоҷикӣ навишта шаванд.

Бинобар риоят накардани ин муқаррарот, додгоҳи шаҳри Бохтар рӯзи 28-уми март амр додааст, ки сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ба фоидаи давлат 1920 сомонӣ ҷарима супорад. Додситонӣ нагуфтааст, ки Мӯсозода аз кадом забони ғайр истифода кардааст, вале аксари муҳру тамғаҳо дар Тоҷикистон қаблан ба забони русӣ буданд.

XS
SM
MD
LG