Уилям Бёрнс, раҳбари Оҷонси марказии истихбороти Амрико гуфт, таҳдиди инро, ки Русия метавонад дар Украина аз силоҳи ҳастаӣ истифода кунад, намешавад содда гирифт.
Ҳамзамон, ба гуфтаи ӯ, феълан сохтори зери раҳбарии ӯ далелҳои зиёди ба ин кор рафтани Русияро надорад.
Бёрнс, ки рӯзи 14-уми апрел сӯҳбат мекард, гуфт, "бо назардошти нороҳатии эҳтимолии президент Путин ва раҳбарияти Русия аз нокомиҳои низомие, ки то ҳол рӯбарӯ шудаанд, ҳеч кас набояд таҳдиди муроҷиати ӯ ба силоҳҳои тактикии ҳастаӣ ва ё силоҳҳои ҳастаии камиқтидорро саҳл бигирад".
Ишораи Бёрнс ба он буд, ки нерӯҳои русӣ баъди наздик шудан ба шаҳри Киев ақибнишинӣ карда, ҳоло зоҳиран дар шарқи Украина тамаркуз кардаанд.
Кремлин баъди ҳуҷум ба Украина дар таърихи 24-уми феврал гуфт, нерӯҳои ҳастаиашро дар ҳолати омодабош қарор додааст, вале Амрико гуфт, ки далели ин иддаҳои Русия чандон зиёд нест.