Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Харҷи расонаҳои давлатии Русия баъди ҷанги Украина афзоиш ёфтааст


Нашрияи "The Moscow Times" бо такя ба масъулони Вазорати молияи Русия хабар додааст, ки харҷи расонаҳои давлатии он кишвар баъди оғози ҳамлаи мусаллаҳона ба Украина якбора афзоиш ёфтааст.

Тибқи омор, дар семоҳаи аввали соли равон барои расонаҳои давлатии Русия тақрибан 17,5 миллиард рубл ҷудо шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта се баробар бештар аст.

Ҳудуди 12 миллиард рубл танҳо дар моҳи марти соли равон ҷудо гаштааст. Ҳамчунин харҷҳо ба артиши Русия низ 11 дарсад бештар гаштааст.

"The Moscow Times" менависад, ки барои сармоягузории расонаҳои расмии Русия дар соли 2022 наздики 115 миллиард рубл бояд ҷудо шавад. Ҳудуди 29 миллиард рубли ин маблағ барои созмони ғайритиҷории "ТВ-Новости", ки шабакаи давлатии RT-ро идора мекунад, пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG