Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден ҷанги Русияро дар Украина "генотсид" номид


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Раисҷумҳури Амрико ҷанги Русияро дар Украина ба "куштори дастҷамъӣ" ё "генотсид" баробар донист.

Ҷо Байден президенти Русия Владимир Путинро бо он муттаҳам кард, ки мехоҳад, "фикри украинӣ будан"-ро аз зеҳни мардуми ин кишвар пок кунад.

Путин рӯзи 12-уми апрел гуфта буд, ки ҷанг дар Украина то иҷрои ҳадафҳои дар пешаш истода давом мекунад.

Дар ҳоле ки корвони низомии Русия ба тарафи Донбасс ҳаракат доранд, коршиносон аз он хавф доранд, ки Русия дар ҷангҳои шаҳри шарқии Мариупол аз силоҳи кимиёӣ истифода хоҳад бурд.

Пешбинӣ мешавад, ки рӯзи 13-уми апрел мақомдорони Вазорати мудофиаи Амрико бо тавлидкунандагони асосии аслиҳаи амрикоӣ имкони таъмини Украинаро бо силоҳ баррасӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG