Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Қирғизистон берун бурдани неруҳои худро аз маҳалли даргирӣ дар марз оғоз карданд


Марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон.
Марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки ин тасмим яке аз қарорҳое мебошад, ки дар ҷараёни мулоқоти сардори бахши сарҳадбонии вилояти Бодканд Киялбек Толонбоев бо ҳамтои тоҷики худ Ҳикматулло Пираков қабул шудааст.

Бар асоси созиш, неруҳо ва техникаҳои иловагӣ аз маҳалли даргир дар марз ба ҷои доимияшон берун бурда мешаванд.

Хадамот афзудааст, ки вазъ дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ҳоло "нисбатан муътадил" аст. Ба огаҳии он, гуфтугӯи намояндагони марзбонии ду кишвар дар гузаргоҳи "Овчи-Калача – автодорожный" идома дорад.

Ахиран дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон дубора тирпарронӣ рӯй додааст. ​Ҳодиса шоми 12-уми апрел дар байни деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Суғд ва деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Бодканд рӯй дод.

Мақомоти Тоҷикистон ҳодисаро ба таври расмӣ шарҳ надодаанд. Ҷониби Қирғизистон гуфт, як сарбозаш маҷруҳ шуда, сокинони чанд деҳа ба ҷои амн кӯчидаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, дар тирпарронии шоми сешанбе сержант, Зоир Саидумарови 27-сола аз ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, маҷруҳ шудааст.

XS
SM
MD
LG