Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рушди иқтисодии Узбекистон коҳиш, нархи маҳсулот афзоиш меёбад


Дар моҳи марти имсол сатҳи таваррум дар Узбекистон ба 10,5 дарсад расида, ки ин нишондод аз пешбинии Бонки марказии он кишвар бештар аст.

Ба иттилои Бонки марказии Узбекистон, сабаби ба ин сатҳ расидани таваррум дар 2,5 дарсад гарон шудани қимати маҳсулоти ғизоӣ ва 1,1 дарсад афзудани қимати маҳсулоти ғайриғизоӣ аст.

Иқтисоддонҳои узбекистонӣ мегӯянд, дар воқеъ маҳсулоти ғизоӣ то 20-30 дарсад гардон шуда, нишондодҳои Бонки марказӣ дур аз воқеият ҳастанд.

Дар хабари Бонки марказии Узбекистон омадааст, сабаби афзоиши таваррум бештар шудани хатарҳои хориҷии иқтисодӣ, беқурбшавии асъори миллӣ дар баробари асъори хориҷӣ, инчунин таҷлили бошукуҳи ҷашнҳоест, ки дар саросари Узбекистон таҷлил мешаванд.

Акмал Тошбек, иқтисоддони узбекистонӣ мегӯяд, дар нишондодҳои Бонки марказӣ қимати пойинтарини маҳсулоти бозор ба инобат гирифта шудааст. Ба гуфтаи вай, дар воқеъ маҳсулоти ғизоӣ ба ҳисоби миёна 10,5 дарсад гарон шудааст.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон дар як ҷаласа рӯзи 7 март ба мақомдорони он кишвар дастур дода буд, ки қимати маҳсулоти бозорро муътадил нигаҳ доранд.

Бонки ҷаҳонӣ дар гузорише, ки рӯзи 10-уми апрел нашр кард, таъсири вазъи атрофи Украина ба иқтисоди кишварҳо, аз ҷумла Узбекистонро пешбинӣ кард. Бино ба гузориши Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2022 рушди иқтисодии Узбекистон 3,6 дарсад уфт ё коҳиш хоҳад дошт. Дар гузориш омадааст, ки иқтисоди Узбекистон аз ҳисоби интиқоли маблағҳо зиён хоҳад дид.

XS
SM
MD
LG