Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

The New York Times: Дар Буча чӣ гузашт?


Буча, Украина
Буча, Украина

Нашрияи The New York Times дар гузорише муфассал таҳқиқи сабабҳои марги бисёре аз мардумро дар шаҳраки Буча, канори Киев, нашр кард.

Украина ва Ғарб нерӯҳои Русияро дар куштори мардум гунаҳкор мекунанд, Русия ин иттиҳомро намепазирад.

The New York Times мегӯяд, журналистони нашрия макон ва замони кушта шудани даҳҳо нафарро муайян карда, бо шоҳидоне, ки ваҳшонияти амали низомиёни русро дидаанд, ҳамсуҳбат шуданд.

Дар харитаи гӯё, ки дар нашрия чоп шудааст, макони ошкоршавии ҷасадҳо сабт шудааст. Ба навиштаи журналистони нашрияи амрикоӣ, беш аз 100 ҷасад аз гӯрҳои дастҷамъӣ берун оварда шуданд ва ин гӯрҳо ҳангоми дар ишғоли русҳо будани Буча пайдо шудаанд.

Нашрия мегӯяд, “вақте ҳуҷуми русҳо ба Киев бо сабаби муқовимати шадид бас шуд, ишғолгариҳои Буча ба як маъракаи террор ва қасдгирӣ табдил ёфт”. Чанд ҳолати куштор ва шиканҷаи ҳадафмандонаи сокинони Буча ҳам сабт шудааст, ки ангезааш қасдгирӣ мебошад. 15 нафар бо дастони баста кушта шуданд.

Ба қавли шоҳидон, бисёре аз сокинон бесабаб бо зарби тир кушта шуданд, танҳо гуноҳашон ин буд, ки дар кӯча буданд.

Ба хулосаи журналистон, буҳрони башарӣ ҳам як сабаби марги инсонҳо шудаанд. Масалан, дар як хонаи пиронсолон аз гуруснагӣ шаш нафар ҷон додааст.

The New York Times номи даҳҳо кушташуда ва шоҳидонро нашр намуд, ки дар бораи ҷузъиёти кушта шудани мардум нақл кардаанд. То ҳол шумори дақиқи қурбониён дар Буча маълум нест.

Дар бораи кушторҳои дастҷамъӣ дар Буча оғози моҳи апрел хабар доданд. Ин замоне буд, ки нерӯҳои русӣ баъд аз як моҳи ишғоли шаҳр аз он берун шуданд. Баъди ин, Ғарб ва Аврупо маҳкумияти Русияро афзоиш дода, таҳримҳои иқтисодиро сангинтар карданд. Бархе раҳбарони аврупоӣ мустақим президент Владимир Путинро гунаҳкор мекунанд.

Русия ҳамоно худро бегуноҳ меномад. Бархе дар Русия фоҷеаи Бучаро “саҳнасозӣ” номидаанд.

XS
SM
MD
LG