Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дороиҳои хонаводаи муовини сарвазири Узбекистон тафтиш мешавад


Оҷонси мубориза зидди коррупсияи Узбекистон тафтиши ширкати офшорӣ ва ҳисобҳои бонкиеро дар Швейтсария оғоз кардааст, ки ба хонаводаи муовини сарвазири ин кишвар Очилбой Раматов рабт доранд.

Ба огаҳии оҷонс, ин ҳисобҳои бонкӣ ва ширкати офшорӣ гуё ба ҳамсари муовини сарвазири Узбекистон Рано Раматова рабт доранд.

Маркази пажӯҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OOCRP) моҳи феврал хабар дода буд, ки Раматова дар ҳисоби "Credit Suisse" беш аз 1 миллион доллар дорад.

Худи Раматова дар суҳбат бо "Daryo" гуфт, на ӯ ва на ягон узви хонаводаш дар бонки хориҷӣ ҳисоб надоранд.

Ба иттилои OOCRP, Раматов барои дуздии пулҳои ширкати "Узбекистон темир йуллари" ("Роҳи оҳани Узбекистон") ба номи ҳамсараш дар хориҷ ширкати махсуси офшориеро таъсис додааст.

Оҷонс афзудааст, фаъолияти "Узбекистон темир йуллари", ки беш аз 10 сол мешавад, аз сӯи Раматов идора мешавад, тафтиш хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG