Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо дар Тошканд се медал гирифтанд


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии ҷудо Ҷоми Осиё миёни наврасон ваҷавонон ба хотираи Учқун Муродов, паҳлавони номдори узбек, ки дар шаҳри Тошканди Узбекистон ба поён расид, се медал (як нишони нуқра ва ду медали биринҷӣ) ба даст оварданд.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи ҷудои Узбекистон, дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ ҳудуди 500 варзишгар аз чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ (Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон), инчунин аз ду кишвари Аврупо (Гурҷистон ва Озарбойҷон) иштирок доштанд.

Дар мусобиқа миёни ҷавонон аз 19 варзишгари тоҷик се нафар медал гирифтанд. Иброҳимҷон Элмуродов дар вазни +100 кг ба финал роҳ ёфт, вале ӯ аз Исломбек Равшанқулови узбекистонӣ мағлуб шуд ва соҳиби медали нуқра гардид.

Ду варзишгари дигари тоҷик - Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни -66 кг ва Масъуди Аҳмадзод дар вазни -73 кг – барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар мусобиқаи ҷавонон дар ҳамаи 14 вазн (миёни писарон ва духтарон) мунтахаби Узбекистон ғолиб шуд. Ҳамин тариқ, мизбонон бо касби 14 мелаи тилло, 11 нуқра ва 21 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ ҷои аввалро азони худ карданд.

Қирғизистон бо касби 2 медали нуқра ва 2 биринҷӣ дуюм шуд. Тоҷикистон бо касби 1 медали нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷои сеюм қарор гирифт. Варзишгарони Қазоқистон бо касби 3 медали биринҷӣ чаҳорум шуданд.

XS
SM
MD
LG