Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мошинҳои русию беларусӣ ҳақ надоранд ба Аврупо ворид шаванд


Сарҳади Хорватия
Сарҳади Хорватия

Хадамоти федеролии гумруки Русия гуфт, Иттиҳоди Аврупо мошинҳои дар Русияву Беларус сабтшударо аз ҳақи вуруд ба хоки кишварҳои узв маҳрум кард. Ин қарор бахше аз бастаи таҳримҳои Аврупо алайҳи Русия барои шурӯи ҷанги беасосаш дар Украина мебошад. Гумруки Русия рӯзи 9-уми апрел хабар дод, ки ҳамакнун ҳеҷ мошине бо қайди давлатӣ дар Русия ва Беларус ҳақ надорад мусофирон ва ҳам молу маҳсулотро дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо интиқол диҳад. Танҳо истиснои Иттиҳоди Аврупо ба мошинҳои интиқолдиҳандаи маводи дорувор, ғизо, маҳсулоти кишоварзӣ, энержӣ, нуриҳои минералӣ ва металлҳои ранга рабт дорад. Иттиҳоди Аврупо аз энерживу нуриҳои минералии сохти вобастагии шадид дорад. Беларус, ки кишвари узви Итиҳоди ақтисодии Авруосиё мебошад, барои он ки ба Русия иҷоза дод, ки аз хоки ин кишвар зидди Украина ҳамла анҷом диҳад, ҳамчунин мавриди таҳримҳои аврупоӣ қарор гирифтааст.

XS
SM
MD
LG