Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабистони Саудӣ шумори зоирони ҳаҷро 1 миллион нафар муқаррар кард


Маросими ҳаҷҷи соли 2020 бо маҳдудиятҳои вобаста ба пешгирӣ аз коронавирус баргузор шуда буд
Маросими ҳаҷҷи соли 2020 бо маҳдудиятҳои вобаста ба пешгирӣ аз коронавирус баргузор шуда буд

Арабистони Саудӣ гуфт, имсол як миллион мусалмон аз саросари ҷаҳон ҳақ доранд, ба Макка сафар карда, дар маросими Ҳаҷ иштирок кунанд.

Ба далели хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон сафари зоирони дохилӣ ба маконҳои муқаддас дар Арабистони Саудӣ маҳдуд шуда буд.

Вазорати Ҳаҷ ва умраи Саудӣ рӯзи 9-уми апрел гуфт, ки зоирон бояд то 65-сола ва аз коронавирус пурра эмшуда бошанд. Зоирини хориҷӣ бояд натиҷаи манфии санҷиш аз COVID-19-ро дар мӯҳлати на дертар аз 72 соат пешниҳод кунанд.

Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ таъкид кардааст, ки зоирон, бояд ҳангоми сафар ва адои маросими Ҳаҷ, қоидаҳои беҳдоштиро риоя ва сиҳҳатии худро ҳифз кунанд.

Маросими ҳаҷҷи фарзӣ имсол аз 7 то 12-уми июл баргузор мешавад.

Сар аз соли 2020 бинобар пандемияи КОВИД-19, маросими Ҳаҷ дар шароити маҳдуд баргузор мешуд. Мақомоти Арабистони Саудӣ адои Ҳаҷро танҳо барои сокинони маҳаллӣ ва хориҷиҳое иҷозат медоданд, ки дар он кишвар зиндагӣ доранд. Соли гузашта ин кишвар танҳо ба 60 ҳазор зоири эмшуда иҷозаи иҷрои маросими Ҳаҷро додаанд.

Ҳар сол ҳудуди 2,5 миллион мусалмон, аз беш аз 180 кишвари ҷаҳон, барои адои Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд. Аз Тоҷикистон ҳам солона ҳазорон нафар ба зиёрати хонаи Худо мераванд ва шумори зоирон мутобиқи квотаи пешниҳод кардаӣ Саудӣ муқаррар мешавад. Ҳаҷ, яке аз панҷ рукни асосии дини ислом аст.

XS
SM
MD
LG