Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба Дмитрий Муратов. "Чашмонам месӯзад"


Дмитрий Муратов гуфт, ки ҳамлагар ба сару рӯи ӯ рангу асетони кимиёӣ рехт

Ба сардабири нашрияи “Новая газета” ва яке аз барандаҳои ҷоизаи сулҳи Нобели соли 2021 ранги равғании сурх ва асетон рехтанд. Дмитрий Муратов гуфт, ки шоми 7-уми апрел ҳангоми сафараш бо қатор аз шаҳри Маскав ба Самара мавриди ҳамлаи фарди ношиносе қарор гирифт. Ҳамлагар бо нидои “Муратов, ин посух барои писарҳои мо” ба сару рӯву дигар аъзои бадани журналисти маъруф ранг рехт. Акси ранголуди Муратов дар Телеграм канали нашрияи “Новая газета” чоп шуд. Ӯ гуфт, ки дар натиҷаи ба чашмаш расидани ранги кимиёӣ дар чашмонаш сӯзиш пайдо шудааст. Нашрияи “Новая газета” як рӯзномаи пешрафтаи мустақил аст, ки баъди таҳдидҳои ҳукумати Русия моҳи март баста шуд. Гурӯҳи журналистони аз Русия фироркардаи “Новая газета” рӯзи 7-уми апрел гуфтанд, ки бо ҳадафи пӯшиши таҳаввулоти ахири Русияву ҷаҳон ба забони русиву чанд забони дигар расонаи наверо таъсис медиҳанд.

XS
SM
MD
LG