Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бухарест мошине ба дарвозаи Сафорати Русия бархӯрд


Сафорати Русия дар Бухарест.
Сафорати Русия дар Бухарест.

Як мошини сабукрав субҳи 6-уми апрел ба дарвозаи Сафорати Русия дар шаҳри Бухарест -- пойтахти бархурда, оташ гирифтааст. Ба иттилои пулиси шаҳр, ронанда дар маҳалли ҳодиса ҷон бохтааст. Тафтиши сабабҳои садама муайян карда мешавад.

Телевизиони Digi24 бо истинод ба манбаи худ хабар додааст, ки ронанда огоҳона мошинро ба самти дарвозаи сафорат рондааст. Мошин босуръати баланд садҳоеро, ки дар назди сафорат баъди эътироз алайҳи ҷанги Русия дар Украина гузошта шуда буданд, пахш карда, ба дарвоза бархӯрдааст. Муҳофизи сафорат аз ронанда хостааст, онҷоро зуд тарк кунанд. Вале ӯ рад карда, худро оташ задааст.

Саҳифаи G4media менависад, ҳамлагар Богдан Драгич қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буд, ки "Ман ҳам украинӣ ҳастам! Беҳтар буд, то поёни ҷанги мудҳиш ҳамаи моро украинӣ медонистанд!".

XS
SM
MD
LG