Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз дастаи Қирғизистон мағлуб шуд


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар доираи омодагиаш ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 бозии санҷиширо ба тими миллии Қирғизистон бо ҳисоби 5:6 бохт, хабар медиҳад Sport АКИpress.

Ба иттилои манбаъ, ин бозӣ рӯзи душанбеи 4-уми апрел дар майдончаи маҷмааи варзишию тандурустии Чолпон-Ота баргузор шуд. Се голи мунтахаби Тоҷикистонро Файзалӣ Сардоров ба самар расонид. Некрӯз Алимаҳмадов ва Идрис Ёров якголӣ заданд.

Ду голи мунтахаби Қирғизистонро Абдураҳим Дониёр уулу ба ҳадаф расонд. Шоҳрух Маҳмадаминов, Саламат Мамбеталиев, Айдар Абдижалил уулу ва Кайрат Кубаничов якголӣ заданд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки аз 10-ум то 12-уми апрел дар Бишкек баргузор мешавад, дар ду гурӯҳи иборат аз чордастаӣ сурат мегирад.

Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Молдив дохиланд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо тимҳои мунтахаби Афғонистон (10-уми апрел), Непал (11-уми апрел) ва Узбекистон (12-уми апрел) рақобат мекунад.

Бар асоси натиҷагирии бозиҳои интихобӣ аз минтақаи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё, ки аз 25-уми сентябр то 20-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин роҳ меёбанд. Ба ин тартиб, дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 ҳамагӣ 16 дастаи зӯртарини қора иштирок хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG