Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳида Маҳмадҷонова худро "гунаҳкор" донист, аммо телефонаш чанд моҳ дар дасти полис буд. ВИДЕО


Шоҳида Маҳмадҷонова. Loop

Таҳқиқи парвандаи Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогер Шерзод Маҳмадҷонов ба анҷом расида, тафтишот ӯро дар ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон мамнуи “Гуруҳи 24” гунаҳкор донистааст. Наздиконаш ва масъулони “Гуруҳи 24” дар хориҷа айбномаи мақомотро рад кардаанд.

Боздошти Шоҳида Маҳмадҷонова дар оғози моҳи феврали имсол вокунишҳои зиёдеро ба миён овард. Бисёриҳо бар инанд, ки Шоҳида Маҳмадҷонова ба сабаби баромадҳои тезутунди писараш ҳадаф қарор гирифтааст.

Парвандаи Шоҳида Маҳмадҷонова ба Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ фиристода шудааст. Эҳтимол меравад нахустин баррасии он рӯзи 7-уми апрел баргузор шавад. Мақомот на дар ин бора ва на дар бораи ҷузъиёти айбнома маълумот намедиҳанд.

Вале манбаъҳои огоҳ аз парванда бо шарти зикр нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Шоҳида Маҳмадҷонова дар ҷараёни тафтишот айбномаро пазируфтааст. Яъне эътироф кардааст, ки бо созмони мамнуи “Гуруҳи 24” ҳамкорӣ доштааст.

Далели чунин ҳамкорӣ гӯё аз телефони дастии ӯ дарёфт шудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки ин телефон, ба гуфтаи наздиконаш, чанд моҳ дар дасти корманди умури дохилӣ буд. Маҳмадҷонова 3-юми феврал барои гирифтани телефони худ даъват ва он ҷо ба ҳабс гирифта шуд.

Ин ҳам маълум нест, ки эътирофи Маҳмадҷонова таҳти чӣ шароите сурат гирифтааст. Пештар писари ӯ блогер Шерзод эълом дошта буд, ки мақомот озодии модарашро дар ивази боздошти ӯ ваъда кардаанд. Мақомот ин изҳоротро шарҳ надодаанд.

Парванда ба Шоҳида Маҳмадҷонова аз 5 то 8 сол зиндонро пешбинӣ мекунад. Писари ӯ Шерзод Маҳмадҷонов, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи Абдураҳмон 09 фаъол аст, аз Олмон барнома пахш карда, мақомотро дар заминаи сатру ҳиҷоб танқид мекард. Вай рӯзи 4-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, бо гузашти ду моҳ аз боздошти модараш, то ҳол пайвандон ӯро надидаанд. Ин ҳам рӯшан нест, то куҷо Шоҳида Маҳмадҷонова аз хидмати ҳуқуқшиносон бархӯрдор буд. Мухолифони ҳукумати Тоҷикистон боздошти ӯро роҳи фишор ба дигарандешон номиданд. Мақомот чунин арзёбиро ҳамеша рад кардаанд.

XS
SM
MD
LG