Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо дархости Имрон Хон порлумони Покистон пароканда шуд


Ориф Алвӣ
Ориф Алвӣ

Ориф Алвӣ, раисҷумҳури Покистон, дар посух ба дархости нахуствазир Имрон Хон порлумони ин кишварро пароканда кардааст.

Имрон Хон рӯзи 3-юми апрел дар суханронии телевизионӣ гуфт, аз раисҷумҳур мехоҳад, порлумон ва чаҳор маҷлиси иёлатиро пароканда кунад.

Вай афзуд, пас аз он, ҳукумати сарпараст ташкил шуда, таърихи интихоботро таъин мекунанд, то ба гуфтааш, мардум дар мавриди ояндаи худ тасмим бигиранд.

Ин иқдом ба ин маъно аст, ки интихобот бояд дар ҳудуди се моҳ баргузор шавад.

Суханронии нахуствазири Покистон лаҳзаҳое пас аз он сурат гирифт, ки муовини раиси порлумон тарҳи ройи адами эътимодро ба Имрон Хон рад кард ва гуфт, “ин ҳаракат хилофи қонуни асосӣ аст.”

Дар назар буд, порлумони Покистон рӯзи якшанбе тарҳи нобовариро ба нахуствазир баррасӣ кунад.

XS
SM
MD
LG