Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди тоҷик барои қасди куштани модари фарзандонаш ба зиндон рафт


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Додгоҳи олии Тоҷикистон як сокини ноҳияи Турсунзодаро барои қасди куштани ҳамсари собиқаш дар пеши чашми фарзандон ба солҳои дарози зиндон маҳкум кардааст.

Додситонии кулл рӯзи 1-уми апрел бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, Камолиддин Қаландарови 42-сола рӯзи 17-уми ноябри соли 2021 шабона бо талаби ҳамхобагӣ ба ҳуҷраи ҳамсари собиқаш, Ёқубова Лолахон ки бо ду фарзанд мехобидааст, рафта, аммо ҷавоби рад гирифтааст.

Ба гуфтаи додситонӣ, шавҳари собиқ аз ин посухи зан ба хашм омада ва бо ду корд ба ӯ дар ҳузури фарзандони 16 ва 6-солааш ҳамла кардааст, ӯро шаш корд задааст. Дар ин миён писари калонӣ монеи падар шуда, модарро аз чанги ӯ халос кардааст.

Барои ин ҷиноят ва қасди куштани Лолахон Ёқубова, Додгоҳи олии Тоҷикистон, Камолиддин Қаландаровро, ки аз ҳамсари собиқаш 4 фарзанд доштааст, рӯзи 3-уми марти ҳамин сол ба 15 соли зиндон маҳкум кардааст.

Бар тибқи ҳукми додгоҳ, Камолиддин Қаландаров бояд то соли 2037 ҳукмашро дар зиндони низомаш сахт адо кунад. Назари вакили дифои у маълум нест ва маълум ҳам нест, ки ӯ аз ҳукми додгоҳ шикоят бурдааст, ё не.

XS
SM
MD
LG