Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Қаробоғи Кӯҳиро ба Брюссел мебаранд


Илҳом Алиев ва Никол Пашинян. Акс аз бойгонӣ
Илҳом Алиев ва Никол Пашинян. Акс аз бойгонӣ

Дар ҳоле ки танишҳо бар сари Қаробоғи Кӯҳӣ дигарбора афзоиш меёбанд, раҳбарони Арманистону Озарбойҷон розӣ шудаанд, ки 6-уми апрел дар Брюссел мулоқот кунанд.

Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон, рӯзи 31-уми март гуфт, онҳо бо раиси Шӯрои Аврупо гуфтугӯ хоҳанд кард, то ба баҳси “созишномаи сулҳи фарогир” пас аз ҷанги шашҳафтаина шуруъ кунанд.

Арманистону Озарбойҷон соли 2020 бар сари ин минтақаи баҳсии Қаробоғи Кӯҳӣ шаш ҳафта бо ҳам ҷангиданд. Даргирии тарафҳо бо миёнравии Русия ва бо созиши оташбас поён ёфт.

Бино бар он, арманиҳо қаламравҳоеро, ки дар тӯли даҳсолаҳо зери назорати худ доштанд, ба Озарбойҷон доданд.

"Арманистон бори дигар эълон мекунад, ки омода аст бо Озарбойҷон созишномаи сулҳро имзо кунад ва бе таъхир музокираро оғоз намояд," -- гуфт Пашинян.

Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон, дар як нишасти хабарӣ дар Боку мулоқотро тасдиқ кард ва гуфт, ду кишвар "бояд ба сӯи сулҳ пеш раванд ва ҳарчӣ зудтар созишномаи сулҳро имзо кунанд."

XS
SM
MD
LG