Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия қарори манъи содироти ғалларо ба кишварҳои ҳампаймонаш бекор кард


Ҳукумати Русия қарореро бекор кардааст, ки бар асоси он, содироти ғалла ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё манъ буд. Дар ин бора аз сафорати Русия дар Қирғизистон иттилоъ доданд.

Бо ин вуҷуд, барои содироти ғалла аз Русия ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодӣ иҷозатномаи махсусе зарур аст, ки аз сӯи вазорати кишоварзии Русия содир мешавад.

Ҳукумати Русия рӯзи 14-уми март "бо ҳадафи ҳифзи бозори ғизоии дохилӣ дар шароити маҳдудиятҳои хориҷӣ" содироти ғалларо ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодӣ то 30-юми июн манъ карда буд.

Бино ба таҳлилҳои СММ, ҷанг дар Украина метавонад, боиси камбуди ғизо дар дунё шавад. Украина ва Русия дар бозори равғани растаниву ғалла ва чанд навъи дигари маҳсулоти кишоварзӣ саҳми зиёд доранд.

XS
SM
MD
LG