Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: Русия барои ҳамлаи нав ба Украина омода мешавад


НАТО пешбинӣ мекунад, ки артиши Русия ба як ҳамлаи нав ба Украина омодагӣ мебинад ва берун рафтани низомиёни рус аз наздикиҳои Киев ақибшинӣ нест. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг 31-юми март дар Брюссел дар ин бора изҳори назар кардааст.

Ба навиштаи маҷаллаи Spiegel, Столтенберг бо такя ба маълумоти истихборотӣ гуфтааст, ки нерӯҳои Русия на ақибнишинӣ, балки мавқеъҳои худро иваз мекунанд. Москва нерӯҳои худро барои ҳамла ба Донбас бо силоҳ муҷаҳҳаз карда, тақвият мебахшад.

"Интизор меравад, ҳамлаҳои наве, ки ба сокинони Украина ранҷи бештаре меоранд, сурат бигирад", - афзудааст ӯ.

Русия рӯзи 29-уми март дар музокироти дутарафа бо Украина дар Истанбул гуфт, ки амалиётҳои низомӣ дар наздикии шаҳрҳои Киев ва Черниговро барои "афзоиши боварии байниҳамдигарӣ" коҳиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG