Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манобеъ: вазири корҳои хориҷии Узбекистон мумкин аст, аз хориҷ барнагардад


Ба иттилои манобеи наздик ба ҳукумати Узбекистон, вазири корҳои хориҷии он кишвар Абдулазиз Комилов мумкин аст, аз хориҷ ба ватанаш барнагардад.

Манобеъ дар Тошканд мегӯянд, истеъфои вазири 74-сола на ба вазъи сиҳатиаш, балки ба изҳороташ дар бораи мавқеи Узбекистон нисбати вазъи Украина марбут хоҳад буд.

Пештар аз ин расонаҳо навиштанд, Комилов, ки 10 рӯзи охир дар дохили он кишвар табобат мегирифт, ахиран барои идомаи дармон ба хориҷ аз Узбекистон рафтааст.

Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 29 март иттилоъ дод.

Дар хабари расмии вазорати корҳои хориҷии он кишвар навъи бемории Комилов шарҳ дода нашудааст. Вай бори охир дар мазҳари ом рӯзи 17 март ҳозир шуд. Он замон Комилов мавқеи Узбекистонро дар баробари вазъи Украина шарҳ дода буд.

"Узбекистон истиқлол, ягонагӣ ва тамомияти арзии Украинаро эътироф мекунад. Мо ҷумҳуриҳои халқии Луганск ва Донетскро эътироф намекунем", - гуфта буд он замон вазири корҳои хориҷии Узбекистон.

Сиёсатшиносон ин изҳоротро мавқеи ҷиддӣ ва "боҷасорат" унвон карданд.

Маҷмаи умумии СММ рӯзи 2 март қатъномаеро қабул ва ҳамлаи Русия ба Украинаро маҳкум кард. Аз 193 кишвари узви СММ 141 кишвар аз қатънома ҷонибдорӣ ва 35 кишвар аз раъйдиҳӣ худдорӣ варзиданд. Узбекистон низ дар миёни кишварҳое буд, ки ба қатънома раъй надоданд.

XS
SM
MD
LG