Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҳомиёни ҳуқуқи тоҷик 24 шикоят аз шиканҷа расидааст


Акс аз як намоишгоҳи зидди истифода аз шиканҷа дар Тоҷикистон

Эътилофи гуруҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки соли 2021 аз 24 нафар дар бораи бадрафторӣ ва ё шиканҷа ба онҳову хешовандонашон шикоят гирифтаанд.

Дар як иттилоияи Эътилоф ба зидди шиканҷа, ки рӯзи 30-уми март нашр шуд, омадааст, аз миёни 24 шикояте гирифтаанд, 5 нафари онҳо занон ҳастанд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, шиканҷаву бадрафторӣ ҳангоми боздошти муттаҳамон ба ҷиноят ва тафтиши парванда сурат мегирад ва “латукӯб, ба барқ мондан муттаҳам ва ё узви оилаи онҳо, тарсонидан” аз шеваҳоест, ки муфаттишони тоҷик барои ҳосил кардани эътироф ба кор мебаранд.

Дар иттилоия ҳамчунин омадааст, ки ҷабрдидагони шиканҷа аз 22 то 60 сола будаанд ва аксарияти онҳо аз рафтори ғайриқонунии кормандони вазорати умури дохилии Тоҷикистон шикоят кардаанд. Аз миёни 24 шикоят аз шиканҷаву бадрафторӣ, 21 шикоят аз рафтори кормандони вазорати мазкур будааст.

Эътилоф ба зидди шиканҷа, ки дар гузашта аз ҳуқуқи ҷабрдидагон ва ё хешовандони қурбониёни шиканҷа ҳимоят кардааст, бо муроҷиат ба ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки барои решакан кардани бадрафториву шиканҷа аз байни кормандони мақомоти интизомӣ, ҳукумат бояд тамоми шикояту муроҷиати шаҳрвандон дар бораи рафтори ғайриқонунии он кормандонро сабт кунад. Барои тафтиши рафтори ғайриқонунии мақомоти интизомӣ чора биандешад ва онҳоро ба ҷавобгарӣ кашида, ҷазои сазовор бидиҳад, ба ҷабрдидагони шиканҷа ва рафтори ғайриинсонӣ ҷуброн бипардозад.

Дигар талаби эътилоф ин аст, ки созмонҳои мустақил ҳақ пайдо кунанд, ки ба боздоштгоҳу зиндонҳо роҳ ёбанд, то тавонанд, вазъи зиндониёну шароити нигаҳдорӣ ва муносибат бо маҳбусону боздоштшудагонро маълум кунанд. Дархости дигар аз ҳукумати Тоҷикистон ин аст, ки ҳарчӣ зудтар ба Протоколи изофӣ ба Қатъномаи байналмилалӣ ба зидди шиканҷа ҳамроҳ шавад. Тақозое, ки Созмони Милал ҳам дар гузашта аз Тоҷикистон кардааст.

Пештар аз ин иттилоия, созмони Афви Байналилал дар гузориши солонааш дар бораи ҳуқуқи инсон дар кишварҳои ҷаҳон гуфт, ки дар Тоҷикистон бадрафторӣ ва истифода аз шиканҷа барои эътироф кардани иттиҳом ҳамчунон зиёд аст, вале маълумот дар бораи он кам. Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, ки тамоми шикоятҳо аз шиканҷаро ҷиддӣ мегиранд ва дар чанд соли ахир ҷазо барои ин амали ғайриқонуниро сахттар карданд.

Бар асоси қонун дар Тоҷикистон истифода аз шеваҳои ғайриқонунӣ ҳангоми бозпурсӣ ва ё шиканҷаи муттаҳам ҷинояти сахт ба ҳисоб меравад ва мумкин аст, гунаҳкорро то ба 15 соли зиндон маҳкум кунанд.

Ба Эътилоф ба зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бештар аз 20 созмони ғайриҳукуматӣ ва аксаран созмонҳои ҳомии ҳуқуқ шомил ҳастанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG