Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

БАБР ба чаҳор бонки Узбекистон 210 миллион доллар медиҳад


Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд (БАБР) дар дораи Барномаи дастгирии тиҷорат ба чаҳор бонки Узбекистон 210 миллион доллари амрикоӣ қарз хоҳад дод.

Ба огаҳии БАБР, бонки "Асака" $60 млн, "Ипотека бонк" $30 млн, Бонки миллии Узбекистон $40 млн ва "Узпромстройбонк" $80 млн дарёфт мекунанд.

Дар иттилоияи расмии БАБР омадааст, ки қарзи мазкур ба соҳибкорони узбек дар вазъи ба вуҷуд омада ба далели нооромиҳо дар Украина ва таъсири он ба иқтисоди Русияву Узбекистон кумак мекунад

БАБР то ба имрӯз дар доираи 106 лоиҳа дар Узбекистон 2,85 млрд евро сармоягузорӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG