Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон беш аз 2 млн воя ваксинаи "Moderna" дарёфт кард


Узбекистон 28-уми март дар доираи барномаи "СOVAX" 2 108 400 воя ваксинаи зидди коронавирус - "Moderna"-ро дарёфт кардааст.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Узбекистон, дар давоми моҳи равон ин бори дувум аст, ки ба он кишвар ваксинаи "Moderna" интиқол меёбад. Бори нахуст 9-уми март 2 257 600 воя ваксина интиқол дода шуда буд.

Бино ба омори расмӣ, то ба имрӯз дар Узбекистон 63 миллиону 578 ҳазору 553 воя ваксинаи зидди коронавирус истифода шудааст.

Эмкунии шаҳрвандони Узбекистон зидди коронавируси нав дар моҳи апрели соли гузашта оғоз шуда буд.

XS
SM
MD
LG