Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Радиои Озодӣ амалкарди мақомоти Русияро танқид кард


Ҷейми Флай гуфт, Радиои Озодиро "гуфтани ҳақиқат бо 27 забонро идома медиҳад".
Ҷейми Флай гуфт, Радиои Озодиро "гуфтани ҳақиқат бо 27 забонро идома медиҳад".

Хадамоти назорат бар матбуот дар Русия вебсайтҳои русизабони се бахши Радиои Озодӣ аз ҷумла бахши тоҷикиро дар қаламраваш манъ кард. Ҷейми Флай президенти Радиои Озодӣ ин қарори Русияро маҳкум ва танқид кард. Мақомоти Русия бо оғози ҷанг дар Украина саркӯби матбуоти мустақилро сахттар кардаанд.

Хадамоти назорат бар матбуоти Русия аз ҷумла он расонаҳои дохилӣ ва хориҷиеро, ки дар бораи ҷанг дар Украина менависанд, барои корбарон дастнорас кардааст. Расонаи мустақили русии Медиазона аз қавли “Роскомнадзор” навишт, ки вебсайтҳои русизабони бахши тоҷикӣ, қазоқӣ ва туркманӣ ҳам аз рӯзи 26-уми март ба феҳрасти вебсайтҳои мамнуъ дар Русия ворид карда шудаанд.

Ҷейми Флай дар як баёнияи расмӣ гуфт: “Вебсайтҳои русизабони Радиои Озодӣ нақши муҳимеро дар амри расонидани хабару иттилоот барои мухотабон дар Осиёи Марказӣ барои русизабонони минтақа ва онҳое, ки дар Русия кору иқомат доранд, иҷро мекунад. Акнун онҳо аз талошҳои ошуфтакунандаи Кремл ҷиҳати сензураи иттилои бетарафона бораи ҷанги Украина осеб мебинанд. Мо матолиби худро сензура нахоҳем кард ва ба тамоми мухотабони бо 27 забон ҳақиқатро хоҳем гуфт.”

Мақомоти Русия аввали ҳамин моҳ фармон доданд, ки худи Медиазона ҳам баста шавад. Айни кор бо дигар расонаҳое сурат гирифт, ки солҳои тӯлонӣ дар Русия зери маҳдудияту саркӯбҳои ҳукумати раиси ҷумҳур Владимир Путин кор мекарданд. Дигар вебсайтҳои Радиои Озодӣ ва Би Би Си низ дар Русия баста ҳастанд, зеро ба гуфтаи мақомоти расмӣ гузоришҳои хато нашр мекунанд. Манзури мақомот он аст, ки ин расонаҳо ҷанг дар Украинаро на «амалиёти махсуси низомӣ», балки таҷовуз ба қаламрави он кишвар меноманд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мегӯяд, ки ҷанг дар Украина бо ҳадафи «ғайринизомӣ» сохтан ва аз «фашистон» пок кардани ин ҳамсоякишвар аст. Бар асоси қонуни нав дар Русия ва дигар санадҳое, ки порлумон баъди 24-уми феврал, яъне оғози ҷанг қабул кард, нашри «иттилои бардурӯғ» дар бораи артиш, намояндагиҳои дипломатӣ, идораҳои давлатӣ ва ҳам ба гуфтаи мақомоти Русия «амалиёти махсуси низомӣ» манъ аст ва ҷазо дорад.

Баъди ин қонунҳо, расонаҳои бузурги байналмилалӣ ба мисли Би Би Си, Си Эн Эн, Блумберг, Си Би Эс, А Эр Де ва Зе Де Эф- Олмон гуфтанд, нашри гузориш аз дохили Русияро қатъ мекунанд. Аз он вақт Би Би Си ва А Эр Де дигарбора корашонро сар карданд. Хабаргузории «Интерфакс» рӯзи 27-уми март гузориш дод, ки баъди дархости додситонҳо, «Роскомнадзор» вебсайти нашрияи зарди «Билд»-и Олмонро барои корбарон дастнорас кардааст.

Шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз дасти Роскомнадзор эмин намонданд. Рӯзи 21-уми март баъди созмони экстремистӣ эълон шудани ширкати «Мета Платформ» соҳиби Фейсбук ва Инстаграм, дастрасӣ ба ин шабакаҳоро дар Русия қатъ карданд.

XS
SM
MD
LG