Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабакаҳои иҷтимоии русӣ дастрасӣ ба хабарҳои Радио Свободаро масдуд карданд


Ду шабакаи иҷтимоии маъруфи русӣ – “ВКонтакте” ва “Одноклассники” бо дархости идораи Роскомнадзор дастрасӣ ба маводи Радио Свобода – бахши русии Радиои Озодиро масдуд карданд. Ин иқдоми дигаре дар самти маҳдуд кардани дастрасии сокинони Русия ба хабарҳои ғайридавлатии бетараф ва санҷидашуда мебошад. Инчунин пойгоҳи Yandex.Zen, ки бахше аз шабакаи ҷустуҷӯии Yandex аст, ҳамчунин дастрасӣ ба маводи Радио Свободаро масдуд кард. Ширкатҳо гуфтанд, ки дархости Роскомнадзор бар пояи аризаи прокуратураи генералӣ сурат гирифтааст.

Баъди ҳамлаи Русия ба Украина ҳукумат ду қонуне қабул кард, ки гузоришҳои мустақил дар бораи ҷангро манъ мекунад ва барои хабарҳои гӯё дурӯғ дар бораи ҷанг ба журналистон то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Роскомнадзор гуфтааст, ки матбуоти русӣ ҳақ дорад танҳо хабарҳои нашршуда аз ҷониби сохторҳои давлатиро чоп кунад. Ҷейми Флай, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки бо вуҷуди ҳама гуна тадбирҳои режими Путин барои масдуд кардани мӯҳтавои вебсайти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, мо “бо истифода аз ҳама василаҳо ба корбаронамон дар Русия тамоми хабарҳои ростро фароҳам хоҳем кард”. ТВ “Настоящее время” ва РАО/РО талаби ҷорӣ кардани сензура дар пахши хабарҳоро рад карда гуфтаанд, ки тамоми гузоришҳои онҳо бар пояи далелҳои воқеӣ таҳия мешаванд.

XS
SM
MD
LG