Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роскомнадзор истифодаи  Instagram-ро дар Русия номумкин мегардонад


Роскомнадзор - идораи назораткунанда бар расонаҳо дар Русия эълон кард, ки шабакаи Instagram дар ҳудуди Русия баста мешавад. Сабаб, ба гуфтаи ин ниҳод, “даъват ба зӯроварӣ нисбати мардуми рус” будааст. Дар ин бора дар саҳифаи расмии Роскомнадзор хабар дода шудааст. Қаблан Додситонии кулли Русия ҳам талаб карда буд, ки Instagram баста шавад.

"Дар шабакаи иҷтимоии Instagram маводу маълумоти дорои зӯроварӣ ва даъват ба амалҳои табъизомез нисбати шаҳрвандон ва низомиёни Русия нашр мешавад,” - омадааст дар хабарномаи мақомоти Русия.

Додситони кулли Русия ҳамчунин алайҳи шабакаи Facebook ё Meta ба додгоҳ шикоят бурда, хостори он шудааст, ки ин саҳифаи иҷтимоӣ "созмони ифротӣ" эътироф гардад.

Зимнан, Facebook ва Твиттер дар баробари чандин сомонаи дигар аз аввали моҳи март дар ҳудуди Русия баста шудаанд.

Раёсати тафтишотии Русия аллакай нисбати ширкати Meta бо иттиҳоми "даъват ба ифротгароӣ ва мусоидат ба терроризм" парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Сабаб ин буд, ки ширкати Meta дархости Русия барои пок кардани паёмҳое бо мазмуни даъвати “марг ба ишғолгарони рус” аз Instagram ва Facebook-ро рад кард.

Пештар аз ин Ройтерз хабар дод, ки ширкати Meta, соҳиби шабакаи иҷтимоии Facebook ва Instagram, ба истифодабарандагонаш дар бархе аз кишварҳо барои даъват ба зӯроварӣ нисбати низомиёни рус муваққатан иҷоза дод. Ин иттилоъро намояндаи ширкати Мета дар саҳифаи Твиттер тасдиқ кард. Энди Стоун, сухангӯи ширкат аз шиорҳое мисли “Марг ба ишғолшарони рус” мисол оварда гуфт, “сокинони Арманистон, Озарбойҷон, Эстония, Гурҷистон, Русия, Лаҳистон, Украина, Венгрия метавонанд аз чунин шиорҳо чун “баёни мавқеи сиёсӣ”-и худ дар навиштаҳояшон истифода кунанд”. Айни замон, як намояндаи ширкат таъкид кард, ки чунин навиштаҷот алайҳи шаҳрвандони алоҳида дар ин шабакаҳо роҳ дода намешавад.

Ҳамчунин дар Facebook ва Instagram ба паёмҳои даъват ба марги президенти Русия ва Белорусия иҷоза дода шуд. Дипломатҳои рус ин тасмими ширкати Meta-ро “амали ифротӣ” номиданд.

"Аз Ҳукумати Амрико талаб дорем, ки пеши роҳи фаъолияти ифротгароёнаи Meta-ро бигирад ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон чора андешанд,” изҳор доштаанд, намояндагони сафорати Русия дар Амрико дар шабакаи Телеграм.

Басташавии Instagram дар Русия дар ҳолест, ки аксари муҳоҷирони тоҷик ҳам дар ин шабакаи иҷтимоӣ фаъоланд ва аз ин роo аз хабарҳои кишвар огоҳ мешаванду аксу барномаҳои видеоӣ тамошо мекунанд. Ҳоло муҳоҷирони тоҷик ҳам мисли дигар шаҳрвандони Русия аз дастрасӣ ба Facebook маҳрум шудаанд.

XS
SM
MD
LG