Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи нави Русия ва Украина дар Туркия баргузор мешавад


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Гуфтугӯи навбатии намояндагони Русия ва Украина қарор аст, аз 28 то 30 март дар Туркия баргузор шавад. Дар ин бора намояндаи Киев Давид Арахамия хабар додааст.

Намояндаи Москва Владимир Мединский ин хабарро тасдиқ кард. Аммо вай макони баргузории гуфтугӯро ошкор накард. Ҷонибҳо тасмими баргузории ин гуфтугӯро 27-уми март гирифтаанд.

Даври аввали гуфтугӯҳои Русия ва Украина дар бораи ҳалли низоъ дар ҳудуди Белорус анҷом шуд. Сипас он тариқи видеоӣ идома ёфт. Москва ва Киев ҷузъиёти гуфтугӯҳоро ошкор намекунанд.

Артиши Русия субҳи 24-уми феврал бо фармони президент Владимир Путин ба Украина ҳамла кард.

XS
SM
MD
LG