Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷаб Ҳусейнов, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, даргузашт


Раҷаб Ҳусейнов. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ
Раҷаб Ҳусейнов. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Раҷаб Ҳусейнов, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷик, ки дар чандин намоишномаҳои театрӣ ва филмҳои дохилу хориҷ нақш бозидааст, дар 80-солагӣ даргузаштааст.

Чанде аз ҳамкоронаш рӯзи 26-уми март дар бораи марги ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд, вале иллаташро нагуфтанд. Овозхон Парвиз Пӯлодӣ дар Фейсбук навишт, ки "ӯ дар шаҳри Санкт-Петербург даргузашт".

Раҷаб Ҳусейнов Донишкадаи ба номи Островскийи шаҳри Тошкандро хатм карда, дар театри Лоҳутӣ ва Маяковскийи шаҳри Душанбе кор кардааст. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон буд.

Ба иттилои Википедияи тоҷикӣ, ӯ дар тақрибан шаст намоишнома, аз ҷумла “Гамлет”, “Шаби гирифтани моҳ”, “Сарбозони инқилоб” ва “Шаби охирини Суқрот”, нақш бозидааст.

“Ҳунараш дар кино бештар зуҳур кардааст. Дар “Тоҷикфилм”, киностудияҳои Маскав, Узбекистон, Минск, Афғонистон аз истеъдодаш зиёд баҳра бурдаанд. “Қиссаи зиндони Павиак”, “Чор дарвеш”, “Ситораи Улуғбек”, “Субҳи Ганг”, “Гаравгонон”, “Ҷӯра-шикорчӣ аз Минархар” аз ҷумлаи филмҳое ҳастанд, ки дар онҳо образҳои гуногун офаридааст,” – навиштаанд дар Википедияи тоҷикӣ.

XS
SM
MD
LG