Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунтахаби Тоҷикистон барои ҷои сеюм бо Қирғизистон бозӣ мекунад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми Наврӯз-2022» рӯзи сешанбеи 29-уми март дар шаҳри Намангони Узбекистон барои ҷои сеюм бо тими миллии Қирғизистон рақобат мекунад.

Дар «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангон чаҳор дастаи мунтахаби миллӣ – Қирғизистон, Тоҷикистон, Уганда ва Узбекистон – иштирок доранд. Мусобиқа рӯзи ҷумъаи 25-уми март аз даври ниманиҳоӣ оғоз ёфт.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар нимфинал аз тими миллии Уганда аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 4:5 (замони асосӣ – 1:1) шикаст хӯрд. Эммануел Арнолд Окви, бозигари мунтахаби Уганда, дар дақиқаи ҳаштум ҳисобро кушод. Голи ҷавобиро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 39-ум зад.

Дар нимаи дуюми дидор ҳисоб тағйир наёфт. Барои муайян кардани ғолиб силсилаи пеналтӣ ё зарбаҳои 11-метрӣ таъйин шуд. Дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Алиҷони Айнӣ ва Зоир Ҷӯрабоев тӯбро ба ҳадаф расонда натавонистанд. Дар натиҷа, футболбозони африқоӣ бо ҳисоби 5:4 пирӯз гаштанд.

Ба ин тартиб, мунтахаби Уганда ба финали «Ҷоми Наврӯз-2022», ки рӯзи сешанбеи 29-уми март баргузор мешавад, роҳ ёфт. Рақибаш дар бозии ниҳоӣ дастаи мунтахаби Узбекистон шуд, ки 25-уми март дар бозии дигари ниманиҳоӣ тими миллии Қирғизистонро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.

Дастаҳои дар нимфинал мағлубшуда - Тоҷикистон ва Қирғизистон - барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд. Ин бозӣ ҳам рӯзи сешанбеи 29-уми март дар Варзишгоҳи марказии Намангон пеш аз финал доир мегардад.

Зимнан, бозӣ муқобили Уганда аввалин бозие буд, ки мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, анҷом дод. Сармураббии нави тими миллии Тоҷикистон гуфт, «Ҷоми Наврӯз-2022» дар Намангон барои дастаи мунтахаби мо як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки моҳи июн доир хоҳад шуд.»

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Наврӯз-2022»

Нимфинал

Уганда – Тоҷикистон – 1:1, аз рӯи пеналти - 5:4.

Голҳо: Эммануел Арнолд Окви, 8 (1:0), Алишер Ҷалилов, 39 (1:1).

Силсилаи пеналти: Парвизҷон Умарбоев – 0:1. Аллан Киямбаде – 1:1. Алиҷони Айнӣ – 1:1 (тӯбро дарвозабон баргардонд). Халиди Лвалива – 2:1. Аҳтам Назаров – 2:2. Деррик Какуза – 3:2. Давронҷон Эргашев – 3:3. Роҷерс Кассим Мато – 4:3. Рустам Соиров – 4:4. Аллан Окелло – 4:4 (тӯбро дарвозабон баргардонд). Зоир Ҷӯрабоев – 4:4 (тӯбро дарвозабон баргардонд). Фаҳад Азиз Байо – 5:4.

Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Давронҷон Эргашев, Аҳтам Назаров, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷӯрабоев, Ваҳдат Ҳанонов, Муҳаммадҷон Раҳимов (Алиҷони Айнӣ, 83), Эҳсони Панҷшанбе (Искандар Ҷалилов, 90), Парвизҷон Умарбоев, Алишер Ҷалилов, Манучеҳр Ҷалилов (Рустам Соиров, 82).

Сардовар: Рустам Лутфуллин (Узбекистон).

Нозири доварон: Баҳодур Қучқоров (Қирғизистон).

Комиссари бозӣ: Александр Давиденко (Узбекистон).

25-уми март. Намангон. Варзишгоҳи марказӣ. 2158 тамошобин.

Узбекистон – Қирғизистон – 3:1

Голҳо: Мирлан Мурзаев, 6 (0:1). Элдор Шомуродов, 64 (1:1). Игор Сергеев, 85 (2:1). Игор Сергеев, 90+1 (3:1).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Тоҷикистон).

25-уми март. Намангон. Варзишгоҳи марказӣ. 13 712 тамошобин.

29-уми март (сешанбе)

Бозӣ барои ҷойи сеюм

15:30 – Тоҷикистон - Қирғизистон

Финал

19.00 – Уганда - Узбекистон

Эзоҳ: Ҳарду бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Намангон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG