Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, 1351 сарбозаш кушта шуданд. Дигарон аз 7 то 15 ҳазор тахмин мекунанд


Тобути яке аз сарбозони кушташудаи Русия
Тобути яке аз сарбозони кушташудаи Русия

Русия мегӯяд, аз оғози ҷанг дар Украина 1351 сарбозаш кушта шудаанд.

Омори талафоти Маскав аз маълумоти Украина ва кишварҳои ғарбӣ хеле поинтар аст.

Мақомоти баландпояи низомии Русия рӯзи 25-уми март гуфтанд, 3850 сарбози дигар захмӣ шудаанд. Онҳо бори охир рӯзи 2-юми март дар бораи кушта шудани 498 сарбоз хабар дода буданд.

Як мақоми НАТО рӯзи 24-уми март ба хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гуфт, эҳтимол аз 7 то 14 ҳазор сарбози Русия кушта шудаанд. Тасдиқи мустақилонаи омор ғайриимкон аст.

Нашрияи "The New York Times" рӯзи 16-уми март ба нақл аз мақомоти Амрико шумораи сарбозони кушташудаи Русияро тақрибан 7000 нафар арзёбӣ кард.

Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 23-юми март дар Твиттер навишт, ки беш аз 15 000 сарбози рус дар ҷангҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG