Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти даҳҳо муҳоҷири тоҷику узбек дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳи Шербинскии Маскав беш аз 20 муҳоҷирро бо иттиҳоми ширкат дар як занозании оммавӣ дар Маскави Нав, ки дар ҷараёни он аз калтаку корд истифода шудааст, боздошт кард.

Ҳар кадоме аз онҳо ба 15 рӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуданд.

Ба гузориши расонаҳои Русия, занозании гурӯҳӣ шоми 22-юми марти имсол бо сабабҳои маишӣ миёни муҳоҷирони тоҷику узбек ба амал омадааст.

Дар натиҷа, кормандони милиса 43 нафарро боздошт карданд. Яке аз иштирокдорони муноқиша зодаи 25-солаи Тоҷикистон бо захми корд ба беморхона бурда шудааст. Ба дастгиршудаҳо ихроҷ аз Русия таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG