Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти баҳсбарангези Тошиев дар бораи орду равған дар Тоҷикистон


Қамчибек Тошиев
Қамчибек Тошиев

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба мақомоти гумруки кишвараш дастур додааст, ки аз қочоқи орду равғану шакар ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Қамчибек Тошиев рӯзи 24-уми март, ҳангоми баррасии чораҳои зиддибуҳронӣ, ба ҷой доштани қочоқи молу маҳсулот аз вилояти Бодканд ба Тоҷикистон ишора намудааст.

Ӯ дастур дод, ки сарони идораҳои дахлдор кормандони худро ба шеваи "сипари зинда" дар марз гузоранд, то захираҳои мавҷуда аз Қирғизистон берун нашавад.

Вай иддао кард, ки орду шакар дар Тоҷикистон назар ба Қирғизистон якуним баробар гаронтар буда, гуё дар Тоҷикистон аслан равған нест.

Мақомоти Тоҷикистон ба ин иддао вокуниш накардаанд.

XS
SM
MD
LG