Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон воридоти шакару равғанро аз НДС озод мекунад


Дар Қирғизистон аз 1-уми апрели имсол барои шакар ва равғани воридотӣ андоз аз арзиши иловашуда (НДС) пурра бекор мегардад.

Девони вазирони Қирғизистон хабар дод, ки ин истисно то охири соли ҷорӣ давом хоҳад кард.

Рӯзи 15-уми март дар пайи боло рафтани қимати маҳсулот президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дастур дод, ки ҳазор тона шакар ва 500 ҳазор литр равғани растании захиравӣ ба бозор бароварда шавад. Он замон вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон Бообек Ажикеев гуфт, захираи орд, шакар ва равған дар захираи давлатӣ "ба таври кофӣ маҳфуз аст".

Мақомоти Қирғизистон тасмим доранд, шакар ва равғани захираро дар мағозаҳои махсус ба фурӯш бароранд.

Ҳафтаи гузашта мақомоти Қирғизистон содироти бархе аз маҳсулоти ғизоиро манъ карданд.

XS
SM
MD
LG