Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли СММ хост, ба "ҷанги бемаънӣ" дар Украина хотима диҳанд


Антониу Гутерриш
Антониу Гутерриш

Дабири кулли СММ, Антониу Гутерриш, ба хатми "ҷанги бемаъни"-е даъват кард, ки Русия дар Украина шуруъ кардааст. Вай гуфт, дар ин низоъ касе пирӯз намешавад ва одамон маҷбуранд аз "дузахи воқеӣ" гузар кунанд.

"Идомаи ҷанг ахлоқан ғайри қобили қабул, аз ҷиҳати сиёсӣ тавҷеҳнопазир ва аз диди ҷангӣ бемаънӣ аст", - гуфт Гутерриш дар суҳбат бо рӯзноманигорон рӯзи 22-юми март дар шаҳри Ню-Йорк.

Шаҳрҳои бузурги Украина як моҳ аст, ки зери ҳамлаи неруҳои ҳавоии Русия қарор доранд, аммо пиёданизомҳои рус дар ҳудуди Украина ба муқобилаи сахти неруҳои украинӣ рӯ ба рӯ ҳастанд. Ҷангҳои шадид дар шаҳри Мариупол идома дорад, ки ба бовари коршиносон, Русия талош дорад, ин шаҳрро ҳамчун пайвандгари Қрими ишғолшуда бо ноҳияҳои шарқии Украина ғасб кунад. Шарқи Украина аз сӯи ҷудоихоҳони рӯ ба Русия идора мешавад.

"Ҳатто агар Мариупол таслим шавад, Украинаро имкон надорад, шаҳр ба шаҳр, кӯча ба кӯча ва хона ба хона ишғол кард", - гуфт Гутерриш. Зуд ё дер, ба гуфтаи вай, ҳодисаҳо бояд аз майдони ҷанг ба мизи гуфтугӯ кашида шаванд. Гутерриш аз ҳар ду ҷониб даъват кард, амалиёти ҷангиро қатъ ва фавран "ба гуфтугӯҳои ҷиддӣ" иқдом кунанд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ҳам Русияро ба "гуфтугӯҳои содиқона ва бомуҳтаво" барои даст ёфтан ба сулҳ даъват кардааст. Зеленский гуфт, ки чунин гуфтугӯ "ягона имкон барои Русия аст, ки зарари иштибоҳҳояшро кам кунад".

XS
SM
MD
LG