Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифи ашаддии Путинро ба 9 сол зиндон маҳкум карданд


Алексей Навалний дар мурофиаи додгоҳӣ
Алексей Навалний дар мурофиаи додгоҳӣ

Додгоҳе дар Маскав Алексей Навалний, сиёсатмадори мухолиф ва раҳбари Бунёди мубориза бо фасодро дар Русия ба 9 сол зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Пештар додситон ба ӯ 13 сол зиндон хоста буд.

Мақомот гуфтанд, Навалний ба қаллобӣ ва таҳқир гунаҳкор дониста шудааст. Чизе, ки ӯ ва ҷонибдоронаш розӣ нестанд ва дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.

Додрас Маргарита Котова рӯзи 22-юми март гуфт, Навалний ҳамчунин 1,2 миллион рубл ҷарима хоҳад пардохт.

Навалний ҳоло дар зиндон аст ва ҳукми пешинаашро адо мекунад. Ӯро соли гузашта ба дуним сол ҳабс маҳкум карданд. Ҳанӯз маълум нест, ки ҳукми нав пас аз адои давраи ҳозираи ҳабс ба иҷро медарояд ё ҳамзамон ҳисоб карда мешавад.

Алексей Навалний ҳафтаи гузашта дар суханронии ниҳоии худ дар додгоҳ ба бегуноҳияш таъкид карда, гуфта буд, ки "Шумо метавонед, маро ба 113 сол зиндон маҳкум кунед, аммо на ман ва на шахсоне ба монанди маро тарсонда наметавонед. Русия калон аст, мардуми зиёд дорад ва на ҳама омода ҳастанд, ки ба мисли Шумо, буздилҳо, ба ояндаи худ ва ояндаи фарзандони худ хиёнат кунанд.

Алексей Навалний, мунтақиди сарсахти раисҷумҳури Русия, Владимир Путин, соли 2021 дар Маскав, пас аз бозгашташ аз Олмон, ки дар он ҷо аз заҳролудшавӣ муолиҷа мегирифт, боздошт ва сипас ба зиндон маҳкум карда шуд. Вай Путинро ба суиқасд ба ҷонаш муттаҳам кард. Кремл ин иддаоро борҳо рад намудааст.

XS
SM
MD
LG