Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паймони миллии Тоҷикистон гуфт, ки чаро Наврӯзро таҷлил накард


Нишасти аъзои Паймони миллии Тоҷикистон. Варшава. Акс аз моҳи сентябри 2021
Нишасти аъзои Паймони миллии Тоҷикистон. Варшава. Акс аз моҳи сентябри 2021

Паймони миллӣ, эътилофи чаҳор созмони мухолифини тоҷик дар Аврупо, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст, имсол ҷашни Наврӯзро таҷлил накардааст.

Масъулонаш сабаби чунин тасмимро ба "кушта шудани чанд нафар дар Бадахшон" ва "ҷанги Русия дар Украина" пайванд доданд.

Алим Шерзамонов, муовини раиси Паймони миллӣ, рӯзи 22-юми март гуфт, "эҷоди фазои тарсу ҳарос ва кушта шудани чанд сокини Бадахшон" водор кардааст, ки аз табрики Наврӯзи имсола худдорӣ варзанд.

"Баъди кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, дар моҳи ноябри соли гузашта ва шурӯи таъқибу боздошти мардум дар Хоруғ, то имрӯз фазои Бадахшон ором нашудааст. Мо чӣ гуна хушҳолӣ кунем?" -- гуфт Шерзамонов.

Вай афзуд, аъзои раёсати Паймони миллӣ дар машварате "имсол табрики мардуми кишварро ба муносибати Наврӯз зарур нашумурданд."

Ҳамзамон, ба қавли Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони миллӣ, "ҳаводиси Украина ва кушта шудани мардум дар ҳамлаҳои ҷузъу томи Русия ва фоҷиаву бадбахтиҳое, ки ба сари аҳолии ин кишвар омадааст, сабаби дигари худдории созмон аз таҷлили Наврӯзи имсола аст."

Паймони миллии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2018 дар хориҷ таъсис ёфт ва аз Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Ассосиатсияи муҳоҷирини Осиёи Марказӣ ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ иборат аст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2019 Паймони миллиро созмони ифротгаро ва террористӣ эълон кард, аммо аъзои эътилоф ҳалномаро беасос хонданд.

XS
SM
MD
LG