Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КП навишт, ки "9861 сарбози рус кушта шудаанд", вале...


"Комсомолская правда", рӯзномаи наздик ба Кремл, шумораи сарбозони кушташудаи Русияро дар ҷанги Украина тақрибан даҳ ҳазор кас навишт, вале зуд хабарро аз сомонааш пок кард.

Нашрия 20-уми март бо такя ба Вазорати дифои Русия гуфтааст, аз оғози ҷанг дар рӯзи 24-уми феврали имсол "9861 сарбози рус кушта шудаанд".

Рӯзномаи русӣ дар бораи ин хабар ва "рӯфтани" он аз сомона чизе нагуфтааст. Ярослав Трофимов аз The Wall Street Journal дар Твиттер навишт, "ё сомонаи рӯзнома рахна шудааст ё касе рақамҳои фошшударо нашр кардааст."

Вазорати дифои Русия ба таври расмӣ марги 498 сарбозу афсарашро дар ҷанги Украина тасдиқ кардааст.

Мақомоти Амрико ва Украина талафоти Русияро беш аз ҳафт ҳазор нафар тахмин задаанд, аммо тасдиқи мустақилонаи омор ғайриимкон аст.

XS
SM
MD
LG