Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин ва ҳамтои эрониаш Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён дар бораи мавзуъҳои матраҳ дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ гуфтугӯ кардаанд. Ин ҳамоиш 22-юми март дар шаҳри Исломобод -- пойтахти Покистон баргузор мешавад.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар ин тамоси телефонӣ, Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён аз номи президенти кишвараш Иброҳим Раисӣ ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон салом расонида, дигарбора ӯро барои сафар ба Эрон даъват кард. Аз ин пеш низ ҷониби Эрон президенти Тоҷикистонро барои сафар ба он кишвар даъват карда буд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта ба Эрон сафарҳои зиёд анҷом медод ва робитаҳои ду кишвар ба вижа дар замони ҳукумати Муҳаммади Хотамӣ ва Маҳмуди Аҳмадинажод тақвият ёфта буд. Аммо дар замони раҳбарии Ҳасани Рӯҳонӣ аз соли 2013 то 2021, президент Эмомалӣ Раҳмон ҳеч гоҳ ба Эрон сафар накард.
Давлати Тоҷикистон соли 2015 Ҷумҳурии исломии Эронро ба пуштибонӣ аз Ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломӣ ва инчунин қатли чеҳраҳои саршинос дар солҳои 90-ум муттаҳам намуд. Вале мақомоти эронӣ ин ҳамаро рад карда буданд.
Пас аз шаш соли сардӣ дар равобити Душанбе ва Теҳрон, ҳоло муносибатҳои ду кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг рӯ ба гармӣ ниҳодааст. Дар моҳи сентябри соли гузашта Иброҳим Раисӣ, президенти Эрон, бо ҳадафи ширкат дар ҷаласаи роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Душанбе омад ва аз "оғози фасли ҷадид дар муносибати ду кишвар" гуфт.