Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шавкат Мирзиёев 75 маҳбусро ба муносибати Наврӯз афв кард


Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон.

Шавкат Мирзиёев, президенти Узбекистон, дар остонаи Наврӯз фармони афви маҳбусонеро имзо кард, ки аз содир кардани ҷиноят "пушаймон ва ислоҳ шудаанд".

Ба иттилои маркази матбуотии президенти Узбекистон, аз 74 маҳбуси афвшуда 4 нафар комилан, 53 кас шартан афв ва ҷазои 2 тани дигар сабук гардонида шудааст. Бар илова, муҳлати ҳабси 16 каси дигар кам гардидааст.

Миёни афвшудаҳо 18 шаҳрванди хориҷӣ, 17 зан, 15 марди аз 60-сола боло, 6 маъюб ва 9 тане ҳастанд, ки дар созмонҳои мамнуъ шомил буданд.

Пештар аз ин, рӯзи 31-уми январ дар Узбекистон 63 маҳбуси дигар афв шуда буд.

XS
SM
MD
LG