Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳои начандон хушбахт ҷой дод. ВИДЕО


Ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар маркази Душанбе
Ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар маркази Душанбе

Созмони Милали Муттаҳид Тоҷикистонро вориди рӯйхате кардааст, ки сокинонаш начандон хушбахтанд.

Ин созмон рӯзи 19-уми март гузориши солонаи худ дар бораи вазъи зиндагии сокинони 146 кишвари дунё дар соли 2021-ро нашр кард. Мардуми Финланд бо мақоми аввал дар ин рӯйхат хушбахттарин ва мардуми Афғонистон дар охирин ҷой бадбахтарин мардуми дунё ном гирифтаанд.

Тоҷикистон дар ин рӯйхат дар мақоми 83-ум қарор дорад, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна пасттарин ҳисоб мешавад. Соли гузашта Тоҷикистон дар ҷойи 62-уми қарор дошт. Дар рӯйхат Қирғизистон дар ҷои 64, Узбекистон 53, Қазоқистон 40 ва Туркманистон дар ҷои 78-ум, яъне панҷ зина болотар аз Тоҷикистон мебошад.

Ин ба он маъност, ки ин Созмон сокинони Тоҷикистонро начандон хушбахт ва аз зиндагӣ норозӣ медонад. Мақомоти Тоҷикистон ба ин гузориш вокуниш накардаанд, вале дар гузашта дар вокуниш ба ин гузориш гуфта буданд, ки ин назарсанҷиҳо сатҳӣ аст ва воқеиятро нишон намедиҳад.

Назари видеоии сокинон дар бораи хушбахтиро инҷо тамошо кунед:

"Дар ҷайбат пул бошад, хушбахт мешавӣ, набошад, аз куҷо?"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Гузориши ҷаҳонии хушҳолӣ дар натиҷаи пурсиши созмони Галлап тартиб ёфта, дар он аз шаҳрвандони кишварҳои гуногун пурсидаанд, то чӣ ҳад худро хушҳол ҳис мекунанд. Шохисҳое, ки дар ин маврид ба онҳо ишора шудааст, аз ҷумла даромади нохолиси миллӣ бар сари аҳолӣ, ҳадди миёнаи умр, озодӣ, фасоди идорӣ дар ҳукуматҳо ва тиҷорат мебошад.

XS
SM
MD
LG