Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар World Happiness Report. Хушбахтӣ чист?


Пажӯҳишгарони барномаи «Шабакаи тасмимҳои рушди пойдор» дар феҳристи Дараҷаи хушбахтии ҷаҳон дар соли 2015 ба Тоҷикистон дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ яке аз ҷойҳои охирро доданд.

Ҳарчанд шаҳрвандони Тоҷикистон аксаран худро хушбахт мешуморанд, пажӯҳишгарони барномаи "Шабакаи тасмимҳои рушди пойдор" дар феҳристи Дараҷаи хушбахтии ҷаҳон дар соли 2015 ба Тоҷикистон дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ ҷои пешазохирро доданд. Танҳо Арманистон ва Украинае, ки акнун дастхуши ҷангу куштору хонасӯзӣ шудааст, баъд аз Тоҷикистон номбар мешаванд ва дар байни 158 кишвар ҷои 111-умро гирифтааст. Тоҷикистон бо 4,681 хол дар ҷои 106 қарор дорад.

Кишварҳои дигари пасошӯравӣ ба монанди Ӯзбакистон ҷойи 44, Молдова 52, Қазоқистон 54, Беларус 59, Русия 64, Туркманистон 70 ва Озарбойҷон ҷои 80-умро гирифтаанд.

Хушбахттарин кишвари соли 2015, аз нигоҳи ин коршиносон Швейтсария, давлати хурдакаке дар Аврупои Ғарбӣ бо 7 миллиону 762 ҳазор аҳолӣ будааст, ки 7.587 хол гирифт. Аҳолии он аз зиндагии худ хурсанд буда, тӯли миёнаи умр дар ин ҷо қариб 83 солро ташкил медодааст, ки дарозтарин дар ҷаҳон аст. Ин кишвар афроди камбизоат надорад ва «фарқиятҳои синфӣ» дар он хеле кам ба назар мерасанд.

Баъд аз Швейтсария дар феҳрист Исландия, Дания, Норвегия ва Канада зикр шудаанд. Ба даҳгонаи кишварҳои хушбахт ҳамчунин Финлонд, Ҳолланд, Шветсия, Зеландияи Нав ва Австралия шомил гаштаанд. Ҳеч яке аз абарқудратҳои ҷаҳон ба ин даҳгона роҳ наёфтааст. Ҳамин тавр, Иёлоти Муттаҳида дар ҷойи 15-ум, баъд аз он Бразил, Англия дар ҷойи 21, Фаронса 29, Олмон 26, Ҷопун 46, Итолиё 50, Чин 84 ва Ҳинд 117 қарор доранд.

Феҳрист бо Сурия, ки гирифтори ҷанги шаҳрвандист ва ҳамчунин ду кишвари африқоии Бурундӣ ва Того ба поён мерасад.

Аммо чаро ба Тоҷикистон чунин ҷойгоҳи наздик ба Украина ва зинае болотар аз Ҳондурасу Фаластину Бангладеш дода шудааст? Бисёриҳо мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва сатҳи фасодро сабабҳои ин ҳол медонанд, аммо коршиноси тоҷик Раҷаби Мирзо мегӯяд, масъала

Раҷаби Мирзо
Раҷаби Мирзо

бештар ба рӯҳияи мардум бастагӣ дорад: «Аз он ки дар ҷомеа ягон хел дигаргунӣ ва ислоҳот сурат намегирад, одамон рӯҳафтода мешаванд, худро чандон хушбахт намешуморанд ва ба ояндаи худро норӯшан мебинанд. Онҳо аллакай ин умедро, ки зиндагии аз ин беҳтаре хоҳанд дошт, аз даст додаанд ва барои ҳамин рӯҳафтодагӣ ва пайдо шудани ҷараёнҳои ифротгаро низ аз ин ҷо маншаъ мегирад.»

Аммо яке аз корбарони фаъоли шабакаи «Фейсбук» бо номи Абдуллоҳи Мӯсо мегӯяд, ба чунин пажӯҳиш ва раддабандии кишварҳо бовар надорад: «Қисми асосии ин қабил, ба ном, тадқиқот ба хотири таблиғи ин ё он гурӯҳи кишварҳост. Барои мисол, онҳо ба рӯҳу равони кишварҳое худашон хуш надоранд, эътибор намедиҳанд. Ман ба наздикӣ дар Индонезия будам. Иқтисодиёташ ҳам пешрафта аст ва мардумаш ҳам хушҳол.»

Ҷаноби Мӯсо афзуд, ҳатто аҳолии баъзе кишварҳое, ки иқтисоди пешрафта ё ҳокимияти демократӣ надоранд, аз зиндагии худ розиянд, ба монанди Туркманистон.

Ҳарчанд Раҷаби Мирзо хушбахтиро ба рӯҳияи мардум бастагӣ медиҳад, меафзояд, талошҳои ҳукумати Тоҷикистон барои шод нигоҳ доштани мардум аз роҳи ташкили ҷашнҳои оммавӣ ва бунёди иншооти азим, шодию хурсандӣ дар шабакаҳои телевизионӣ натавонистаанд, ба ин рӯҳия таъсиргузор бошанд, «зеро олудаи сиёсат ва талошҳои идеологӣ будани инҳо барои мардум рӯшан шудааст ва бо «ҳалво» гуфтан даҳон ширин намешавад.»

Ба ақидаи ӯ ҳатто қисми умдае аз худи таблиғгарон ба чизҳое, ки мегӯянд, бовар надоранд. Аммо дар яке аз назарсанҷиҳои соли 2012 зиёда аз 65 дарсади пурсидашудагон дар Тоҷикистон ихудро хушбахт шумурдаанд. Ҳамзамон дар пурсиши дигар аксарият гуфтаанд, мехоҳанд Тоҷикистонро тарк кунанд.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев

Коршиноси дигар Зафар Абдуллоев мегӯяд, натиҷаи назарсанҷиҳо бештар ба он бастагӣ дорад, ки кӣ онҳоро анҷом медиҳад ва раддабандиҳое низ буданд, ки кадоме аз ниҳодҳои ИДМ баргузор карда, Тоҷикистон дар онҳо аз лиҳози хушбахтӣ дар яке аз ҷойҳои аввал қарор дошт. "Шахсан ман худамро қисман хушбахт мешуморам, зеро аз як тараф, ҳама чиз дар оилаи ман ва корҳоям хуб аст ва ман тавре ки мехоҳам, зиндагӣ мекунам, замона ором аст, вале аз сӯи дигар вазъи ватанам ба ман писанд нест, махсусан аз лиҳози фарҳанг ва имокниятҳо барои кӯдакону ҷавонон. Вақтҳои охир дар риштаи нақлиёт, ҳаракати мошинҳо мушкил дорам. Ман мехостам, дар кишварҳои дигар зиндагӣ кунам ва фикр мекунам, ин бад нест, ки аҳолӣ дар ҷустуҷӯи бахт ба қисматҳои гуногуни ҷаҳон муҳоҷират мекунад ва мумкин аст, дар натиҷа ба сарчашмаҳои худ бармегардад."

Натиҷаҳое, ки феҳристи Дараҷаи хушбахтии ҷаҳон дар соли 2015-ро ба миён оварданд, танҳо рӯҳияи умумии мардумро дар бар намегиранд. Аз ҷумла даромади нохолиси миллӣ ба ҳар сари аҳолӣ, ҳимояти иҷтимоии одамон, тӯли миёнаи умр, шароити беҳдошт ва саломатӣ, устувории оилаҳо, тазмини шуғл, озодиҳои хусусӣ, ҳисси амният, ҳиммат дар умури хайрия, сатҳи фасод, бардоштҳои мусбат ва манфӣ аз рӯзгор ва ғайра шартҳое будаанд, ки нишондиҳандаҳои марбут ба онҳо натиҷаи ниҳоиро ба миён овардаанд. Ин пажӯҳиш таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ва дар ҳамкорӣ бо Пажӯҳишгоҳи Замини Донишгоҳи Колумбия баргузор мегардад ва гуфта мешавад, ҳадафаш кӯмак ба раҳбарони давлатҳо ва сиёсатмадорон аст, ки ба дарду ғами мардуми худ беҳтар расидагӣ кунанд.

Суол аз роҳгузарон: Бахт чист?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

XS
SM
MD
LG